Субҳи имрӯз дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва доираи васеъи кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри дар назди майдони Парчами давлатӣ, театри Атто Муҳаммадҷонов ва осорхонаи «Бибихонум» дарахтони ороишиву ҳамешасабз шунонида шуд.
Тавре, ки мутахассиси соҳа иброз намуд, аз боду ҳавои муносиб истифода бурда тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри ба ҳашари умуми баромада зиёда аз 500 бех дарахтони ҳамешасабз ва инчунин гулу гулбутаҳо баҳри ободӣ ва зебо гардонидани шаҳри Бохтар шинониданд.
Ҳамзамонон худи ҳамонрӯз бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён ба ниҳол шинони оғоз намуданд.
Дар ин шаҳрак тамоми мардум ба ҳашар баромада беш аз 1000 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, байни қаторҳои дарахтон бо техникаҳо нарм карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли 2020 оид ба таъсиси Ситод ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ин мавсим шинонидани 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар дошта шудааст. Инчунин, дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.