Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, қисман раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Дар ҷаласа раиси вилоят оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат, омодаги ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳмоҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои давраи минбаъда, беталаф ҷамъовари намудани ҳосили пахта, саривақт иҷро намудани даъвати ҳарбӣ суханронӣ намуд.
Дар оѓози ҷаласа пеш аз ҳама раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо самимияти беандоза минатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва минатдории хешро ба соҳибкорон, шахсони саховатманд, фаъолони вилоят, аҳли фарҳанг, ректорону донишҷӯён ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми шарафманди вилоятро, ки саҳми худро дар 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангӣ гузоштаанд ва инчунин барои самимона пешвоз гирифтан расонид.
Сипас, раиси вилоят оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат, ки зимини сафари корияшон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дода буд, иҷрои барномаҳои давлатӣ, содироти намак, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, захира намудани маводи хӯрока барои ду сол, беталаф ҷамъоварии ҳосили пахта, иҷрои саривақтии даъвати ҳарбӣ ба фаъолон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.