Боғчаи рақами 2-и шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ соли 1968 бунёд ёфта, то ҳамин моҳҳои наздики соли равон, рӯи таъмири асосиро надида буд. Бинои ба шакли зебо таъмиргардидаи боғчаро дида, аз аввалини ҳамсӯҳбати худ бо номи апаи Меҳрӣ, ки дар муассисаи мазкур ба сифати муррабӣ фаъолият мекунад, ташаббускори  ин амали некро пурсон мешавам.

  Таъмирро сохтмончиёни ҳамин бинои навбунёди ҳамсоя ба ӯҳда доштанд.Хубаш дақиқтари онро аз сарвари боғча, ки алҳол дар утоқи кории худ қарор дорад, пурсон шавед.

 Сарвари боғча А.Далатёрова аз мақсадамон огаҳ шуда, миннатдоронаю хушҳолона гуфтанд: Дар паҳлӯи бинои боғчаи мо бинои дуошёнаи зебои Бахши идораи замини ноҳия  бунёд гашта истодааст.Чанде пеш нафаре аз масъулони Кумитаи идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боғчаи мо ташриф оварда, гуфтанд, ки ба наздикӣ бинои Бахши идораи замини ноҳия ба истифода дода мешавад.Ва дар маросими баҳрабардории бинои мазкур меҳмонон аз дуру наздик ширкат мекунанд ва дидани боғчаи солҳо таъмирнадидаи кӯдакон, ҳатман табъи иштирокчиёнро озурда мекунад. Он масъули дилсӯз ваъда доданд, ки то баҳрабардории бинои Бахш ба қадри имкон бинои боғчаро таъмиру навсозӣ мекунанд.Ва тавре мебинед дар як муддати кӯтоҳ болопӯши бино пурра иваз гардида, тамоми деворҳои беруни он ба таври замонавӣ рангу бор карда шуд. Саҳну роҳравҳоро сафолакчин намуданд. Ман  аз фурсат истифода бурда, миннадории беинтиҳои кормандони боғча, билхоса  изҳори сипосу ташаккури 140 нафар кӯдакони  онро ба он нафари дилсӯзи Кумитаи идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям, бо арзи сипос гуфтанд сарвари боғча.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here