Айни ҳол хонандаҳои синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти умумии рақами 36-и деҳаи Бахтободи ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб дар бинои кӯҳнасохти дар ҳоли садамавӣ қарордошта, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин ҳолат хатмкунандагони собиқи мактаб, минҷумла саховатмандони деҳаро сари нангу номус оварда, дар пайи бунёди бинои нави мактаб гардиданд.
Айни шиносоӣ ба кори сохтмон муаллими мактаб Тағаймурод Нурматов, ки мавсуф вазифаи вакилии деҳаву роҳбарии кори сохтмонро ба ӯҳда доранд, оиди ин амали неки шогирдони собиқу саховатмандони деҳааш ба ин тариқ гуфтанд:-Барои бунёди бинои нави мактаб зарурати фаврӣ ба миён омад. Бо масъулони шаҳру имкондорҳои деҳа оиди бо усули ҳашар сохтани бино маслиҳат намудем. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи феврал оғоз гардид ва тавре мебинем бино дар арафаи анҷомёбист. Корҳои болопӯши бино бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба иҷро расид. Мақсад дорем, биноро дар рӯзҳои наздик ба истифода дода, бинои кӯҳнаро, ки дар ҳолати ногувор қарор дорад, тахту ҳамвор карда, саҳни мактабро зебову диданибоб намоем.