Дар ин рӯз, бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини раёсати КДАМ дар минтақаи Кӯлоб Сафаралӣ Халилзода дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 0308-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи деҳаи Дараи оби Ҷамоати деҳоти Доғистони бунёд шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Раиси вилоят бо афсарон ва аскарони ин қисми низомӣ суҳбати сарироҳӣ намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардид.
Дидбонгоҳи мазкур бо мақсади таъмини амнияти аҳолӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани шароити хизматчиёни ҳарбӣ сохта шудааст.
Бино аз як ошёна иборат буда, он аз 1 ҳуҷраи навбатдорӣ, 1 ҳуҷраи хоб барои 10 нафар, ошхона, синфхона, ҳуҷраи нигоҳдории яроқ иборат мебошад.
Сохтмони бино аз тарафи лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи байналмиллалии қитъаи Кӯлоб–Шамсиддин Шоҳин маблағгузорӣ карда шудааст. Дар сохтмони бино зиёда аз 10 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шуда буданд.