Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода

бахшида ба Соли нави мелодии 2020

Ҳамватанони азиз!

Мо дар арафаи фарорасии соли нави мелодӣ – соли 2020 қарор дорем, ки онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории вилоят ва Тоҷикистони азизамон истиқбол мегирем.

Воқеан, соли нав дар таърихи тамаддуни башарият, сарфи назар аз он ки ба кадом намуди солшуморӣ тааллуқ дорад ва ба кадом фасли сол рост меояд, бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушнудиву хушҳолӣ меорад. Мо – мардуми тоҷик дар гузашта аз рӯйи тақвиму солшумориҳои суғдиву зардуштӣ ва баъдан хуршедиву ҳиҷрӣ зиндагӣ мекардем ва дар давоми ду асри охир аз солшумории мелодӣ истифода бурда, мувофиқи он фаро расидани соли навро расман ҷашн мегирем.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019, ки дар натиҷаи корбурди сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат ва азму талоши сокинони фарҳангпарвар, ободгар ва ҳимматбаланду заҳматпешаи вилоят ба даст омаданд, бешубҳа, аз ояндаи неки давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозу ободгарамон башорат медиҳанд.

Дар арафаи соли нав натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мо ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин маънӣ, агар ба роҳи паймудаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли рафтаистода назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки соли 2019-ум дар вилояти Хатлон соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд. Соли 2019 дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоятамон бо сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бо заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони вилоят, мавриди истифода қарор гирифтани садҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ хотирмон мебошад, ки ҳамаи ин омилҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят мусоидат хоҳанд кард.

Боиси тазаккур аст, ки маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳматҳои пайгиронаи мардуми вилоят, дар соли 2019 нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят дар муқоиса бо солҳои қаблӣ афзуд. Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар сатҳи 7,0  фоиз таъмин гардид. Имрӯз 31,2 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва 51,5 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар сатҳи ҷумҳуриро ҳиссаи вилояти Хатлон ташкил медиҳад. Танҳо дар зарфи 11 моҳи соли 2019 ба буҷет 1 миллиарду 327 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126 миллион сомонӣ зиёд мебошад.   

Дар ин давра гардиши савдои хориҷии вилоят ба 345,5 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки аз ин 166,4 миллион доллар содироти молу маҳсулот ва 179,1 миллион долларро воридот ташкил медиҳад. 

Дар 11 моҳи соли 2019 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят ба 13,4  миллиард сомонӣ расонида шуда, афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд. 64 миллион сомонӣ ё 8,6 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои саноатии вилоят дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ соли сипаришаванда ба маблағи 7,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбати 11 моҳи соли гузашта ба андозаи як миллиарду 5 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро дар сатҳи 15 фоиз таъмин карданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2019 дар вилоят 76 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 781 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Умуман, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави вилоят бунёду азнавсозии 7300 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст, ки то поёни соли 2019 аллакай нисфи ин иншоотҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Боиси ифтихор аст, ки 9 сентябри соли сипаришаванда дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо маҳсуб мегардад, мамлакати моро ба истиқлолияти энергетикӣ наздик кард. Баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳ дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис хоҳанд ёфт ва Тоҷикистони маҳбуби мо дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.

Ҳар соли нав дар заминаи уфуқҳо, нақшаҳои нав ва ояндабиниву дурнамои тозаи иқтисодиву иҷтимоӣ тарҳрезӣ мегардад.

Итминонам комил аст, ки дар соли 2020 низ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар баробари ҳифзи истиқлолияту соҳибихтиёрии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ, тамоми нерӯи худро баҳри тақвияти фазои сулҳу субот дар ҷомеа ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкориҳои зиёд равона хоҳанд кард.

Дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат мо ҳамаи ҳадафҳои неки пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро тадриҷан амалӣ мегардонем ва зиндагии осудаи мардуми сарбаландамон ва ободии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин мекунем.

Набояд фаромӯш сохт, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, яъне бунёди иншооти хурду бузурги энергетикӣ, роҳҳову шабакаҳои замонавии коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат вобаста мебошад. Барои татбиқи ин ҳадафҳои наҷиби стратегӣ, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ба таҳкими давлатдории миллиамон мусоидат хоҳанд кард, вазифаи ҳар фарди вилоят ҳаст, ки дар назди Ватан-Модар рисолати фарзандӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро содиқонаву софдилона адо карда, барои ободиву шукуфоии Ватани азизу муқаддасамон кӯшишу талоши пайваста намоянд.

Тавре ки огаҳӣ доред, соли 2020 дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакатамон соли муҳим,  интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва мақоми олии қонунгузори мамлакат — Маҷлиси намояндагон баргузор хоҳад шуд. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ моро зарур аст, ки фаъолона иштирок намуда, баҳри рушди устувори сиёсати давлатамон ба номзадҳои арзанда ба тариқи шаффоф раъйи худро диҳем.

Шубҳае нест, ки мардуми шарифи вилоят ва ҳар як фарди бонангу номуси Ватан дар соли омадаистода низ ба хотири татбиқи барномаҳои стратегии миллиамон ва нақшаву ниятҳои неку созандаамон азму талоши ватандӯстонаи худро бештар намуда, барои боз ҳам афзун гардонидани иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон заҳмату кӯшиши ободгаронаи худро дучанд хоҳанд кард.

Мутмаинам, ки мардуми шарифу сарбаланди Хатлонзамин дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат раванди созандагиву ободкориро дар соли 2020 вусъат бахшида, ҷиҳати таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон вазифаи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан-Модар бо дасту дили пок, заҳмати содиқонаву софдилона адо менамоем ва барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон пайгирона саъю талош меварзем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамватанони азизро бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 табрик гуфта, бигзор соли нав барои Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созандаи ҳамватанонамон гардад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here