Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 14 майи соли равон дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид, ки дар он бо намояндагӣ аз шахри Кӯлоб оилаи ҳунарманд Ҳисайнов Раҳмоналӣ бо ҳамсараш Абдураҳимова Одинамо ширкат намуданд.

 Усто Рахмоналӣ дар ин озмун ҳунари кандакорӣ, гаҳвораву сандуқсозӣ ва ҳамсараш Абдураҳимова Одинамо ҳунари чакандӯзиро ба намоиш гузошта, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here