Барои қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 237 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 июли соли 2022, №223, даври вилоятии озмуни мазкур нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб баргузор хоҳад шуд.
Дар даври вилоятии озмун барои ғолибони ҷойи якум 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 5 ҳазор сомонӣ, инчунин барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб мегарданд, мутаносибан 5000, 3000 ва 2000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Иштирокдорони озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
— хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);
— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр);
— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ);
— калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун. Қобили зикр аст, ки ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ва ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии кишвар қабул карда мешаванд.