Мураббии намуди гуштини Дзю-до Абдулло Наботов аз ноҳияи Кӯшониён беҳтарин мураббии соли 2018 дар вилояти Хатлон эълон гардид, дар ин бора аз Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кушониён хабар доданд.

Абдулло Наботов солҳои зиёд аст, ки наврасону ҷавононро аз рӯи намуди гуштини Дзю-до дар ноҳия тарбия намуда истодааст. Меҳнати содиқона ва софдилонаи ў буд, ки шогирдаш Сулаймони Ҷамшед дар соли 2018 дар 4 мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои аввал гардида ба олимпиадаи “Наврасон 2018”, ки дар шаҳри Буйнос Айреси давлати Аргентина баргузор гардид, роҳ ёфт.

Сулаймони Ҷамшед нахустин варзишгари ҷавон аз вилояти Хатлон аст, ки дар олимпиадаи “Наврасон-2018” иштирок намуда сазовори медали биринҷӣ гардид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here