Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои аёдати чанде аз бонувони собиқадор ба шаҳри Левакант сафар намуданд.
Нахуст раиси вилоят ба хонаи Жанна Степанова ташриф оварданд. Номбурда соли 1937 дар шаҳри Ярославл дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи биология ва ҷуғрофиёи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ярославл дохил шуда, онро соли 1961 хатм кардааст.
Жанна Анатолевна Степанова соли 1963 ҳамроҳ бо шавҳараш ба Тоҷикистон кӯч баста, инак, 57 сол аст, ки дар ин диёри зебоманзар зиндагӣ мекунад. Солиёни зиёд аст, ки дар шаҳри Левакант ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад.
Жанна Анатолевна ҳини суҳбат бо раиси вилоят зикр намуд, ки обу ҳавои Тоҷикистон барояш ниҳоят писанд аст. “Ман дигар наметавонам ин ватани орому ободу биҳишосоро тарк кунам. Ин ҷо ватани ман аст”, — афзуд ин омӯзгори солманд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз заҳматҳои ин бону ёдовар шуда, қайд карданд, ки саҳми ӯ дар бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар замири шогирдон, назаррас буда, тӯли ин солҳо ба ҳайси омӯзгор тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои таълиму тарбияи шоистаи фарзандони мардуми тоҷик равона намудааст.
Раиси вилоят ба ин омӯзгори 83-сола кумаки моддӣ ва арзи сипоси Роҳбари давлатро расониданд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аз аҳволи собиқадорон бохабар мегардаду ба онҳо дасти кумак дароз менамояд.
Дар шаҳри Левакант занони собиқадор, ки саҳмашон дар рушди соҳаи маориф чашмрас мебошад, кам нестанд. Ҳалима Болтаева ва шавҳараш Давлатшо Ҳасанов аз зумраи шахсонеанд, ки нақши хешро дар камолоти ҷомеа гузоштаанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ин оилаи омӯзгор, ки барои таълиму тарбияи насли ҷавон беш аз 50 соли умри хешро сипарӣ намудаанд, арзи сипос карданд.
Ҳалима Болтаева соли 1944 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба дунё омада, модари 4 фарзанд мебошад. Соли 1970 Донишгоҳи омӯзгории Душанберо бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус хатм намудааст. Номбурда, ки беш аз 50 сол боз дар МТМУ №1-и шаҳри Левакант кор карда истодааст, мегӯяд, ки худро бе мактаб тасаввур карда наметавонад, зеро ин даргоҳ ба ӯ нон ва ном додааст.
Раиси вилоят зикр намуданд, ки нақши модар ва омӯзгор дар баробари тарбия, дар омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва дар маҷмӯъ камолоти маънавию ахлоқии фарзанд, барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба хонаи собиқадори меҳнат, ки синнаш ба 110 расидааст, ташриф оварданд. Басбибӣ Яъқубова 8 марти 1910 дар деҳаи Сари пули ноҳияи Обигарм таваллуд шудааст. Соли 1959 деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант кӯч мебандад.
Номбурда зиёда аз 50 сол ҳамчун колхозчӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии маҳалли зисташ фаъолият намудааст. Фарзандонаш дар соҳаҳои гуногуни савдо, НБО “Роғун” кор кардаанду мекунанд. Ин зани солманд ҳамчун модари меҳрубон фарзандони хубу бомаърифатро тарбия намуда, оилааш дар маҳал намунавӣ ба ҳисоб меравад.
Басбибӣ Яъқубова ба Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант барои ғамхориҳои пайваста изҳори сипоси бепоён намуд ва дуои нек дод.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Басбибӣ Яъқубова саломатӣ орзу намуда, ӯро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи модар, фарорасии баҳори некфол ва иди бузурги суннатӣ — Наврӯзи байналмилалӣ, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосоямонро боз ҳам мунаввар месозад, самимона табрику муборакбод намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон