Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муроҷиати сокини шаҳри Кӯлоб, хиёбони И.Сомонӣ, хонаи 90 шаҳрванд Шарифхон Тиллоевро, ки тавассути Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ворид шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Муроҷиати номбурда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ гардида, 24 сентябри соли 2020 ба ӯ посухи хаттӣ дода шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 майи соли 2020, №294 ба писари муроҷиаткунанда Тоҷиддин Тиллоев аз заминҳои маҳалли аҳолинишин, воқеъ дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб барои сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва қаннодӣ дар масоҳати 21,5 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии оилаи Шарифхон Тиллоев чораҳои дахлдор андешанд.