Дар маҷлисгоҳи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода айни ҳол ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷараён дорад.

Қайд гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи виҷдонию имонии ҳар шаҳрванд аст.
То имрӯз дар вилояти Хатлон нақшаи даъват 90% иҷро шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулони комиссияҳои даъвати шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддин Шоҳин, Бохтар, Носири Хусрав, Данғара, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Дӯстӣ барои иҷрои саривақтии нақшаи даъват ва фаъолмандӣ дар тарғибу ташвиқи даъвати ҳарбӣ изҳори сипос намуд.
Рӯзҳои наздик навоҳии Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Ёвон низ сафарбарии ҷавононро ба Артиши миллӣ ба итмом мерасонанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон