Имрӯз, 25 декабр, ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа аъзои Шӯрои вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ширкат варзиданд. Ғазалшоҳ Сафарзода зикр намуд, ки дар ҳамоиши имрӯза раванди иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин татбиқи «Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023» дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Диловаршоҳ Исозода, сардори Раёсати маорифи вилоят, иттилоъ дод, ки бо мақсади иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон аз 8 декабри соли 2017, №7-111 дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 “Оид ба Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муйян ба сомон расонида шудааст.

Дар давраи амалишавии Барнома давоми солҳои 2018-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд 740 кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология, география, математика, технологияи информатсионӣ ва суруду мусиқӣ ба маблағи умумии 22 миллиону 200 ҳазор сомонӣ таҷҳизонида шаванд.

Мавриди зикри хос аст, ки омӯзиши илмҳои дақиқу техникӣ дар шароити феълӣ аз масъалаҳои мубрам аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2016 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд: “Тоҷикистон аз рӯйи барномаҳои давлатии қабулнамудаи Ҳукумат минбаъд ба сӯйи мамлакати саноативу кишоварзӣ қадам гузошта, дар ояндаи наздик талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ хеле баланд мешавад”.

Ҳадафи Ҳукумати кишвар аз таҳия ва қабули барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф рафъи камбудиву норасоиҳо ва муҳайё намудани шароити мусоид барои кору таҳсили босифати омӯзгорону хонандагон аст, аммо бо сабабҳои танқисӣ дар буҷаи шаҳру ноҳияҳо аз тарафи мақомоти иҷроия дар маҳалҳо иҷрои саривақтии онҳо мушкил гардидааст.

Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода ба масъулон баҳри таҳким бахшидани корҳо дар самти амалигардонии Барнома, бартарафсозии камбудию норасоиҳо дастур дод.

Зимни баррасии раванди иҷрои «Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023» дар вилоят маълумот дода шуд, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 152 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 16828 нафар фаъолият менамоянд, ки нисбати соли гузашта10 адад бештар аст.

Маркази инкишофи кӯдакон як намуди муассисаи тахсилоти томактабӣ буда, нигоҳубин, инкишоф, тарбия ва беҳдошти муътадили кӯдакони 4-6-соларо таъмин менамояд ва дар омода намудани кӯдакон ба таҳсил дар мактаб мусоидат мекунад. Бо мақсади ҳарчи зиёдтар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ тибқи нақшаи амали “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда мешаванд. Айни ҳол дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 795 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 20033 нафар кӯдакон ташкил карда шудааст, ки ин 50 адад нисбат ба соли 2018 зиёд мебошад.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, фосилавӣ соли 2019 сазовори 267 ҷой, аз он ҷумла 52 медали тилло, 61 медали нуқра ва 154 медали биринҷӣ гардиданд, ки ба ҳолати имрӯза 84 адад нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғ. Сафарзода таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати татбиқи Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ, маблағҳои махсус, ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, бояд чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол оид ба раванди иҷрои Консепсияи мазкур маълумот пешниҳод намоянд.

Ғ. Сафарзода инчунин дастур дод, ки бо мақсади интихоби дурусти касб, дохилшавии хатмкардагон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тариқи Маркази миллии тестӣ мутасаддиёни соҳа бояд бештар фаъолмандӣ нишон диҳанд. Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят таҳияи тестҳо барои гузаронидани машваратҳои касбӣ, равонӣ, тадқиқоти сотсиологӣ, ташкили хазинаи тестҳо, таҳияи нақшаю пурсишномаҳои нави машваратӣ мутобиқи стандартҳои тахассусӣ ва касбӣ, берун аз дарс ҷалб намудани хонандагон ба эҷодиёти техникию бадеӣ ва баланд бардоштани нақши эҷодиёт дар интихоби касб, ба роҳ мондани таълими тафриқавии хонандагон, ташкили равияю зерравияҳо барои пурра ошкор намудани шавқу ҳавас, майлу рағбат ва қобилияти фардии онҳо, ташкил ва гузаронидани мизи мудаввар, вохӯриҳо бо одамони касбу кори гуногун дар рушди роҳнамоии касбӣ, шиносонидани хонандагон дар раванди фаъолияти таълимӣ ва берун аз таълим бо муассисаҳои таълимии касбӣ, касбҳо ва ихтисосҳо, муассисаю ташкилотҳо ва дурнамои инкишофи онҳоро муҳим хонд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here