Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, намояндагони як қатор кумитаву вазоратҳои кишвар, намояндагон аз шаҳрҳои Хоруғ ва Хуҷанд, инчунин муовинони раиси шаҳри Бохтар, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва соҳибкорон ширкат варзиданд.

  Нахуст, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода суханронӣ карда, меҳмононро муаррифӣ намуд ва оид ба ҳадафи баргузории ҷаласа, ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад. Баъдан раиси кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар баромад намуд. Мафсуф масъалаҳои вобаста ба самаранокии идоракунии маҳаллӣ (фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ), раванди таъмини волоияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва таъсири он барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтарро баррасӣ ва таҳлил кард. Илова бар ин, фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018 ва вазифаҳои минбаъдаи кормандони соҳа баррасӣ ва натиҷагирӣ гардид.

  Дар ин раванд фаъолияти раисони маҳалла ва умуман роҳбарону аъзои зергурўҳҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Вобаста ба масъалаҳои таъмири роҳҳо, сохтмони саривақтии иншоотҳо, кори баъзе аз раисони маҳаллаҳо эрод гирифта шуд. Инчунин, изҳор гардид, ки давоми соли ҷорӣ ба ниёзмандон, ятимон, камбизоатон дар шаҳри Бохтар 1,4 миллион сомонӣ кумакпулӣ расонида шудааст. Дар ин баробар, дар самти иҷрои супоришҳо корҳои зиёде низ анҷом дода шудаанд ва муваффақиятҳо назаррасанд. Раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода оид ба фаъолияти комиссияи бахши танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эроди ҷиддӣ гирифта, изҳор дошт, ки баҳри беҳбуд бахшидан дар ин росто бояд масъулият дарк кард. Назорат аз рўйи ҷашну маросимҳои миллӣ бояд беҳтар ба роҳ монда шавад.

  Гуфтан мумкин аст, ки дар ин ҳамоиш тамоми самтҳои фаъолият мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Баҳри ислоҳи камбудиву норасоиҳо маслиҳат ва дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд. Илова гардид, ки дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳо бояд ҳамагон масъулияти ҷиддӣ дарк кунем ва супоришҳоро саривақт иҷро намоем, то ба ҷашни бузурги давлату миллати худ ҳамаҷониба омода гардем.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here