Имрӯз, 5 октябр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, яъне баргузории вохӯрию суҳбатҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷро намудани санадҳои судӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, андоз, ситонидани алимент, кӯчонидан ва маскун намудан дар манзилҳои истиқоматӣ иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон Ҳасан Назарзода маърӯза карда, ба тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла семинар-машваратҳо, вохӯриҳо, таҳияи намоишҳои телевизионӣ таъкид намуд.
Вобаста ба вазъу ҳолати аз мактаб дур мондани хонандагон ва чораҳои андешидашуда дар ин самт., инчунин гузаронидани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрванд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» сардори Раёсати маорифи вилоят Диловаршоҳ Исозода гузориш дод.
Қайд гардид, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) дар 29 ҳолат нисбати 39 нафар падару модар мавод омода карда шуда, ба мақомотҳои дахлдор ирсол карда шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки дар 8 моҳи соли 2020 беш аз се ҳазор мавриди иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар вобаста ба таълим ва тарбияи ноболиғон ошкор гардидааст, ки ин ҳолат тавишовар буда, дар миёни волидайни мактаббачаҳо бояд корҳои ташвиқу тарғиб вусъат дода шавад. Раиси вилоят ҳамчунин ишора карданд, ки дар мактабҳо талаб намудани маблағ аз хонандагон бо баҳонаҳои гуногун бояд пешгирӣ карда шавад.
Дар ҷаласаи Шӯрои вилоятӣ инчунин корҳои анҷомдодаи аъзои Шӯро, яъне ба таври васеъ гузаронидани мизҳои мудаввар, конфронсҳо, семинарҳо ва вохӯриҳо дар мавзӯъҳои дахлдори ҳуқуқӣ, аз ҷумла афзалият додан ба чорабиниҳо дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон, баланд бардоштани самти ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, бахусус дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, ки хусусияти фаромиллӣ касб кардаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати зиёд намудани шумораи мурофиаи сайёри судӣ, гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба баҳсҳои рӯзмарра, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ, иқтисодӣ ва иқтисодӣ-тиҷоратидошта муҳим мебошад.
Раиси Шӯрои вилоятӣ, раиси вилоят Қурбон Ҳакирмзода раисони комиссияҳои даъватӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилоят ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки вобаста ба пешгирии сабаб ва шароитҳои ба содиршавии ҷиноятҳо мусоидаткунанда дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин, тавассути “иҳотагирӣ” ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир намудани даъватшавандагон роҳ надиҳанд.
Дастур дода шуд, ки тамоми кӯшиш ва фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он равона карда шавад, ки қонуншиканиҳо, аз ҷумла хатари ҳар гуна амалҳои номатлуб, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, пешгирӣ кардани ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, таълимоти ғайрирасмӣ дар кишварҳои хориҷа, даст задан ба қочоқ, истеъмоли маводи мухаддир ва тақлид ба либоспӯшии бегона чораҷӯӣ карда шавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон