Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо тарҳи “Барқарорсозии иншооти обгузари муваққатӣ дар шохаи рости ПК 659+00 Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон” шинос шуданд.

Зикр гардид, ки сели рӯзҳои 14-16 май шохаи рости канали калони деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон ба дарозии 140 метр вайрон шуда буд.

Канали шохаи рост 93 км 200 метр дарозӣ дошта, аз он 2800 гектар заминҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 10400 гектар заминҳои ноҳияи Хуросон обёрӣ мешаванд.

Дар мавсими обёрӣ тавассути ин канал то 11 куб об ҷорӣ мешавад.

Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон корҳои барқарорсозии канали обрави ноҳияи Хуросонро оғоз карда, васлу насби қубурҳои калони обгузарро дар масофаи 300 метр ба анҷом расониданд.

Айни ҳол насби қубурҳои нави қутраш 1820 милиметр бомаром ҷараён дошта, ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то рӯзи 12 июн иншооти мазкур пурра барқарор ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят