Дар таърихи рузи 21 майи соли равон дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон семинари омӯзиши баргузор гардид. Семинари омӯзиширо бо суханҳои ифтитоҳи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ Шариф кушода эълон намуда нисбати гузаронидани омӯзиш ва санҷиши фаъолияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи корхонаву муассисаҳои шаҳри Бохтар, ки аз тарафи кормандони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон гузаронида шуд суханрони карданд. Сипас Сарнозири ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи Раҳмоналӣ Давлатов, сарнозири ҳифзи меҳнати Шӯрои иттифоқҳои касаба Шараф Комилов, ёрдамчии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Ҳабибуло Раҳматов баромад намуда нисбати камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳои ошкоршуда дар рафти омӯзиш ва санҷиш суханрони карданд. Дар семинари омӯзиши раисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ, раисони кумитаҳои иттифоқҳои касаба ва нозирони кадрҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар иштирок намуданд. Дар фарҷоми семинар ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои саҳеҳ дода шуд.