Рӯзи 23 июни соли 2018 дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва рушди ҳаракати олимпӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи олимпӣ», дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор чорабиниҳо баргузор карда шуданд.

 Аз ҷумла, оғози танатанаҳои ҷашни «Рӯзи олимпӣ» бо баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар машқҳои пагоҳирӯзӣ 7800 нафар шаҳрвандон, аз ин шумора 2550 нафар бонувон, аз шумораи умумӣ 2400 нафар дастпарварони мактабҳои варзишӣ, 2600  нафар сокинону ҷавонон ва 2800 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

 Ҳамчунин тибқи нақша дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 150 мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ аз рӯи намудҳои баскетбол, гӯштини дзю-до, тарзи озод, гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ-румӣ, варзиши сабук, тӯби дастӣ, велосипедронӣ, футбол, волейбол, таэквондо,  шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва ғайраҳо оғоз гарида, дар ин чорабиниҳо иштироки беш аз 6750 нафар иштирокчиён, аз ин шумора 1560 нафар бонувон иштирок намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here