Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки рӯзи 27 октябри соли 2018 дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои пагоҳирӯзӣ дар назди 28 майдонҳо, гулгашту хиёбонҳои 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо давомнокии аз 20 то 30 дақиқа баргузор карда шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар умум 6380 нафар шаҳрвандон, аз ин шумора 1400 нафар бонувон, аз шумораи умумӣ 2080 нафар дастпарварони мактабҳои варзишӣ, 2330 нафар сокинону ҷавонон ва 1970 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.