Раёсати кор бо љҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки рӯзи 1 декабри соли 2018 дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ машқҳои пагоҳирӯзӣ дар назди 27 майдонҳо, гулгашту хиёбонҳои 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо давомнокии аз 20 то 30 дақиқа баргузор карда шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар умум 6910 нафар шаҳрвандон, аз ин шумора 1290 нафар бонувон, аз шумораи умумӣ 2175 нафар дастпарварони мактабҳои варзишӣ, 2819 нафар сокинону ҷавонон ва 1916 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон минбаъд низ баҳри рушд ва оммавияти варзиш тадбирҳо андешида, корҳои амалиро ба сомон мерасонад.