Имрӯз, 23 июн, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид.
Раиси вилоят вакилони мардумиро бо рӯзномаи иҷлосия шинос намуд, ки рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2016, №257 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят масъалаи якуми мавриди муҳокима буд.
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилзода зимни ироаи маърӯзаи худ қайд кард, ки дар самти баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа тавассути боз ҳам бештар ҳамоҳанг намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои маънавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва арзишҳои ахлоқии умумибашарӣ, инчунин ташаккули андешаи миллӣ ва пурзӯр намудани корҳои мафкуравӣ, пешгирии экстремизм ва ташаккули фарҳаги таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ дар вилоят корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд.
Ҷиҳати ба Ватан баргардонидани ҷавонону наврасоне, ки дар донишкадаҳои динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳия гардида, бо падару модарони онҳо мунтазам суҳбатҳо гузаронида мешавад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ба ҳолати 30 майи соли 2020 аз 1863 нафар ҷавононе, ки аз солҳои пеш дар донишкадаҳои динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, ҳамагӣ 42 нафар боқӣ мондааст. Дар ин самт саҳми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят назаррас буда, дар давраи амалигардии Стратегия 123 нафар толибилмон ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида шуда, ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.
Айни замон дар ҳудуди вилоят 1734 адад масҷидҳо, як адад ҷамоатхонаи исмоилия дар ноҳияи Ҷайҳун ва 14 адад ташкилотҳои ғайриисломӣ, дар маҷмуъ 1749 адад иттиҳодияҳои динӣ дар асоси оинномаҳо ва низомномаҳояшон бақайд гирифта шудаанд.
Аз соли 2017 то ин ҷониб зиёда аз 4,5 ҳазор сокини вилоят барои адо намудани ҳаҷи фарзӣ сафарбар карда шудаанд.
— Насли ҷавон, ки даҳшат, вазнинии тоқатфарсо ва маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро аз сар нагузаронидааст, — идома дод муовини якуми раиси вилоят, — дар сурати таҳти таъсиррасонии шадиди унсурҳои ифротгаро қарор гирифтан, метавонанд зӯровариро ҳамчун воситаи худнишондиҳӣ бипазиранд, ки тамоюли афзоиши сатҳи шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои экстремистию террористӣ аз ин гувоҳӣ медиҳад.
Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба тадбирандешиҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии молиявӣ, сатҳи касбият ва малакаи соҳибкорони ҷавон табодули назар сурат гирифта, қайд шуд, ки дар се соли охир 38 ҳазору 904 ҷавон муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии касбии ҳудуди вилоятро бо ихтисосҳои гуногун хатм намуда, дар соли таҳсили охирини онҳо барои омодагии касбии ҷавонон ва таҷрибаомӯзии онҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дар доираи барномаи таҷрибаомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон мусоидат карда шудааст.
Дар натиҷаи баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод, зиёда аз 20 ҳазор нафар ҷавонон соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии раиси вилояти Хатлон дар вилоят шуъба ва бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” (Бизнес-инкубатор) таъсис дода шудааст, ки дар онҳо коргоҳи дӯзандагӣ, пазандагӣ, кошонаҳои ҳусни мардона ва занона, заргарӣ, даҳонпизишкӣ, таъмири телефон ва компютерҳо, парвариши растанӣ, ҳунарҳои мардумӣ, рушди сайёҳӣ ва маркази омӯзиши бизнеси муосир ва забонҳо амал менамоянд.
Сипас, раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят Муҳаммадӣ Шарифзода, прокурори вилояти Хатлон Раҳим Раҳимзода, сардори Раёсати КДАМ дар вилоят Т. Самадов ва дигарон ба музокирот баромаданд.
Оид ба рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориши муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ шунида шуд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат баҳри ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, нигоҳдошт ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум, барқарорнамоӣ ва нигоҳдории ёдгориҳои меъморӣ ва бостонӣ, ҳифзи таърихият ва аслияти онҳо, истифода намудан ҳамчун обектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо, инкишофи сатҳи маънавӣ ва дониши таърихии аҳолӣ, таъмини нигоҳдошт ва истифодаи маҳсулнокии мероси таърихию фарҳангии кишвар тадбирҳои лозимаро дар амал татбиқ намуда истодааст.
Дар давраи тадбиқи Барнома шумораи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва монументалӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 931 адад ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 721 адад ёдгории бостонӣ, 124 адад ёдгории меъморӣ, 86 адад ёдгории монументалиро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 4 ёдгориҳои нодири таърихӣ, аз ҷумла қалъаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритуз ва Дайри “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш барои ворид намудан ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардиданд.
Дар доираи амалишавии Барномаи мазкур “Қалъаи Балҷувон”, мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ, оромгоҳҳои Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ, Хоҷа Қудбиддини Нишопурӣ, Ҳоҷӣ Яъқуби Сичиёнӣ воқеъ дар ноҳияи Балҷувон, ёдгории таърихии “Лағмонқалъа”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ёдгории таърихии “Сангтӯда-1”, “Чашмаи Қазған” ва мамънунгоҳи Султон Увайси Қарайнӣ, ки дар ноҳияи Ховалинг ҷойгиранд аз таъмир бароварда шудаанд.
— Иттилоъ бояд дод, ки надоштани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин яке аз проблемаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки дар ин ҷода бемасъулиятии масъулин мушоҳида мегардад, — қайд кард Ф. Шарифӣ. — Дар давоми 8 соли амалишавии Барнома тибқи банди 11-и Нақшаи чорабиниҳои болозикр оиди сертификаткунонии ёдгориҳо аз 931 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамагӣ 26 адади он сертификати ҳуқуқи истифодабарии заминро дораду халос.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ташкил ва низоми нигоҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсусҳифзшаванда» азхудкунии заминҳои ёдгориҳои таърихӣ қатъиян манъ мебошад.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои вилоят ва раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро лозим аст, ки сари ин масъала чораҷӯӣ намоянд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят инчунин ҳисоботи сардорони раёсатҳои назорати давлатии энергетикӣ дар минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №29 “Дар бораи сарфаҷӯии энергия” дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро шуниданд.
Баррасии масъалаи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50, Ховалинг №61 ва таъин намудани интихобот, ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50 ва Ховалинг №61 ва муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум ба кори худ хотима дод.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон