Дар толори маҷлисгоҳи Литсейи ба номи Исмоил Сомонии шаҳри Кӯлоб чорабинии идона бахшида ба рӯзи шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ маҳсули дастони шахсони имконияташон маҳдуд ба тамошо гузошта шуданд.
Масъулин ҳангоми назар кардан ба маҳсули дастони ин гуна нафарон қобилияти онҳоро муъҷизаофар мешуморанд. Ин чорабинӣ бо ташаббус ва дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи муштараки Мисссияи Шарқ таҳти унвони «Бишнав садои маро», Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳоии маҳалиию ҷамъиятӣ ба мисли «Заршедабону», «Мушфиқи маъюбон», Ассосиатсияи кӯдакони имконияташон маҳдуддоштаи шаҳри Кӯлоб ва хизмарасононӣ дар хона барпо карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Кӯлоб 5000 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуддошта зиндагонӣ менамоянд. Дар шаҳри Кӯлоб ду маркази тавонбахшии «Парасту» ва «Меҳрон» фаъолият менамояд.
Мутасаддиён ба мо иттилоъ доданд, ки дар Донишгоҳи давлатиии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шуъбаи забони имову ишора кушода шудааст, ки айни ҳол чунин шахсони имконияташон маҳдуд баҳри таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни ин бахш барномаи фарҳангии худро бо забони имову ишора пешкаши ҳозирин гардониданд.
Дар охири чорабинӣ ба нафарони имконияташон маҳдуддошта аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.