То соли 2021 дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Балҷувон бунёди 375 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои Маърифат Зоирзода, раиси ноҳияи Балҷувон, то имрӯз аз шумораи 375 иншооти пешбинишуда 42 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Барои сохтмони иншооти нақшавӣ 26 миллиону 450 ҳазор сомонӣ сармояи хусусӣ ҷалб гардидааст. Ҳамчунин, соли ҷорӣ бунёди 121 иншооти таъиноти гуногун ба нақша ворид карда шуд.
— Дар маҷмӯъ, то соли 2021 дар Балҷувон бунёди 35 муассисаи таълимӣ, ҳашт кӯдакистон, 23 майдончаи варзишӣ, се толори варзишӣ, ду беморхона, 20 бунгоҳи тиббӣ, ду маркази тиббӣ, ду дорухона, се нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 13 меҳмонхона, 18 сартарошхона, як кошонаи ҳусн, 15 ҳаммом, як корхонаи коркарди шир, се дӯкони ҳунарҳои мардумӣ, се адад пул ва таъмиру барқарорсозии 338 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст, — афзуд М. Зоирзода. — Бояд қайд кард, ки аз 375 иншооти банақшагирифта бунёди 80 фоизи он дар деҳот пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи пурра мавриди амал қарор гирифтани онҳо рушди инфрасохтори деҳот таъмин хоҳад шуд, ки ба беҳтаршавии сатҳи рӯзгори сокинон мусоидат менамояд.
Соли ҷорӣ дар Балҷувон се корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 71 сокини маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин гардиданд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз чор корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад.