28 ноябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули шаҳрвандон доир гардид. Дар қабул сокинон пешниҳодҳои хешро аз қабили расонидани кӯмак барои сохтмони ду муассисаи таълимӣ, сохтмони хати оби нушокӣ дар деҳаи роҳи Ленин, таъмири пул, насб намудани зеристгоҳ барои объектҳои ҷашнии Ширкати Ходингии “Исмоили Сомонӣ”, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои сокинони деҳаи М.Горкий, насб намудани трансформатор ва симчубҳо дар деҳаи навтаъсиси муҳоҷирони дохилии Ҷамоати деҳоти Фрунзе, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ба фонди манзил гузаронидани замин аз ҳисоби чарогоҳ ва ниёз доштани 3 оила ба кӯмаки молиявӣ ба раиси вилоят расониданд. Раиси вилоят пешниҳодҳои шаҳрвандонро ба инобат гирифта, ба масъулин дастур дода шуд, ки пешниҳодҳои мардумро ҳалу фасл намоянд. Ҳамзамон худи ҳамин рӯз аз ҳисоби раиси вилояти Хатлон кӯмаки яквақтаина ба 3 оила маблағ ва маводи хурока аз қабили орд, пиёз, картошка, равғану биринҷ расонида шуд.