Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон–3” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ҳирбӣ-ватандӯстии ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид.

  Зимни мулоқот раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ш. Кӯлоб Қурбонов Асадулло, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

  Қайд гардид, ки бо ибтикори созада ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати ҷавнон тамоми шароитҳо дар сатҳи зарурӣ қарор доранд. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад.

  Илова бар ин гуфта шуд, ки ҷавонони Кӯлобӣ дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як каф хоки диёр мардонавор истодагарӣ намуда, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд.

  Дар охир гуфта шуд, ки ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here