Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Балҷувон барои ба истифода додани як қатор иншоотҳои хизматрасонию маишӣ ташриф бурданд. Зимни сафари корӣ раиси вилоятро фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар дароматгоҳи ноҳия пешвоз гирифтанд.
Сафари кории раиси вилоят аз ба истифода додани даромадгоҳи ноҳияи Балҷувон оғоз гардид. Гурӯҳи кориро хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо шеъру таронаҳо пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки даромадгоҳи ноҳияи Балҷувон солҳои пеш ба талаботҳои меъморӣ ҷавобгӯ набуд. Ҳоло бошад, аз ҷаниби соҳибкори маҳаллӣ пурра азнавсозӣ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар қисмати даромадгоҳ шиору овезаҳо бахшида ба сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардидааст.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо заҳматкашон ва фаъолони ноҳия барои бунёди иншоотҳои таиноти гуногун арзи сипос намуда, таъкид намуд, ки мардуми ноҳияи Балҷувон барои обод гардонидани маҳали хеш нақши бузургро гузоштаанд. Ҳамин аст, ки дар маркази ноҳия даҳҳо иншооти ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида истодааст.
Баъдан бо иштироки раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бахшида ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ Давлатзода Нусратулло ва роҳбарияти ноҳия Маҷмааи хизматрасонии Балҷувон ба истифода дода шуд. Маҷмааи хизматрасонӣ 3 ошиёна буда, дар ошиёнаи аввал маркази савдо ва кошонаи ҳусн ҷойгир аст. Тибқи иттилои масъулон дар ин бино зиёда аз 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ба иттилои соҳибкори маҳаллӣ Шуҳрат Тешаев бинои хизматрасонӣ бо маблағи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар маркази савдо маҳсулоти гуногуни ниёзи аввалия ба фурӯш гузошта шудааст, ки сокинон метавонанд аз он бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Дар маҷмааи хизматрасонӣ кошонаи ҳусн кӯшода шуд, ки бонувон метавонанд, барои оро додани мую рӯй ба ин ҷо ташриф оранд. Ба иттилои масъулон кормандони кошонаи ҳусн бонувони маҳаллӣ мебошанд.
Дар ошиёнаи дуюм, сеюм барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ меҳмонхонаю ошхона бо тамоми шароит муҷаҳҳаз мебошад, ки ин метавонад ба рӯшди соҳаи сайёҳӣ заминаи хуб гузорад.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Балҷувон худ ноҳияи сайёҳӣ аст. Ҳамарӯза даҳҳо сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин ҷо ташриф меоранд. Дар ин сурат метавонанд аз ин маҷмааи хизматрасонӣ истифода намоянд.
Раиси вилоят ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди маркази хизматрасонӣ изҳори минатдорӣ намуд.
Сипас, раиси вилоят бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз майдончаи варзишӣ, ки барои бозии фитбол бунёд гардида буд, дидан намуда онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба истифода додани иншооти мазкур метавонад соҳаи футболро дар ноҳияи Балҷувон то ҷое рушд диҳад. Ҳамин аст, ки дар ноҳия майдончаҳои варзиши бунёд гардида, ҷавонону наврасон бештар ба ин навъи варзиш ҷалб гардидаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки бахшида ба истиқболи 30- солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон иншооитҳои гуногун хусусан майдончаҳои варзишӣ бо ҷалби соҳибкорон бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳоло корҳои бунёдкорию азнавсозӣ дар ноҳия бо маром идома дорад.