Ба истиқболи Ҷашни фархундаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз шуда, дар ин замина ҳазорҳо ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд. Дар ноҳияи Балҷувон низ раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб кардааст. Танҳо дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо дастури Сарвари давлат сохтмони 20 иншооти маишию хизматрасонӣ ба нақша гирифта, дар қисме аз онҳо корҳо оғоз гардидаанд.
 Тайи соли равон дар ноҳия ба андозаи 12 миллиону 716 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ иҷро гардида, ба маблағи 13 миллиону 336 ҳазору 500 сомонӣ сармояи хориҷӣ аз худ карда шудааст. Дар як қатор сохтмонҳо, аз ҷумла бинои маркази байналмилалии тавонбахшӣ ва бинои меҳмонхона дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, роҳи автомобилгарди Балҷувон – Сари Хосор, неругоҳи хурди барқи обӣ дар деҳаи Пушти Боғ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 20, 9, 35, литсеи касбӣ – техникӣ, қасри фарҳанг барои 400 ҷойи нишаст, хобгоҳ барои 450 нафар ва бинои маъмурии бахши агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, соли ҷорӣ оғози корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳаи Дулонамайдон, маркази саломатӣ дар деҳаи Чашмасор, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассисони Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) сохтмони биноҳои нави муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои Мулкон, Сафедчашма, Солмалидашт ва Шағмон тарҳрезӣ шудааст.
  Соли гузашта дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба ноҳия бинои шуъбаи таваллудхона дар деҳаи Сари Хосор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, беморхонаи деҳаи Шаҳидон соҳиби мошини нави ёрии таъҷилӣ гардид. Бо маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон ва бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Шингидара бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.
  Имсол бо дастури Сарвари давлат сохтмони роҳҳои автомобилгарди Кангурт – Балҷувон ва Балҷувон – Ховалинг оғоз гардид. Муҳлати корҳои сохтмонӣ 18 моҳро ташкил медиҳад. Мутмаинем, ки бунёди ин роҳҳо ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, хусусан бахши сайёҳӣ ва ташрифи бештари сайёҳони хориҷию дохилӣ, мусоидат мекунад, — гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Зоирзода Маърифат.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here