Ҳамчунин, дар ин рӯз раиси вилоят собиқадори меҳнат Муродалиев Амируллоро, ки дар деҳаи Тупхонаи Ҷамоати деҳоти Балҷувон истиқомат мекунад, аёдат намуда, ба ӯ туҳфаҳои пулию молӣ тақдим намуд.
Муродалиев Амирулло 66 сол дошта, аз соли 1979 то соли 2019 бо собиқаи кории 40 сола аз рӯи ихтисоси барқкорӣ, аз устои оддӣ корро оғоз карда, то ба нафақа баромадан дар вазифаҳои устои калон, муҳандис, сармуҳандис, муовини сардори шабакаҳои барқ ва сардори шабакаҳои барқи ноҳияҳои Данғара ва Балҷувон фаъолият кардааст.
Заҳматҳояш бо ифтихорномаҳои ҶСШК «Барқи Тоҷик» қадрдонӣ карда шудаанд.
Зимни аёдати собиқадорон раиси вилоят ёдовар шуданд, ки давлату ҳукумат фаъолияти собиқадорону пирони рӯзгордидаро, ки умри худро баҳри пешрафти мамлакат сарф кардаанд, фаромӯш намесозад. Барои ҳалли мушкилоти хонаводагию саломатии онҳо масъалагузорӣ менамояд. Дар суҳбат пирони рӯзгордида ба раиси вилоят дуои нек доданд.
Муродалиев АмируллоИн бо аҳлу оила баҳри истифодаи замини наздиҳавлигӣ кӯшиш ба харҷ дода, аз заҳмати рӯёнидаашон он дастуру супоришҳое, ки Ҷаноби Олӣ барои захираи маводи ғизоӣ барои ду соли оянда дода буд, амалӣ намуда истодаанд. То имрӯз ин оилаи намунавӣ зиёда аз 350 то 400 адад афшураҳо дар зарфҳо захира намудаанд, дар ҳамин баробар аз меваҳои дари хона ҷамъовари намуда барои зимистон дар пешистода хушконида захира намуда истодаанд.