Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардида истодааст. Айни замон муроҷиати шаҳрвандон шунида шуда мушкилиашон баррасӣ шуда истодааст. Аслан, сокинон оиди азнавсозии муассисаҳои таълимии рақами 4-5, расонидани кӯмак барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ҷудо намудани роҳхат ба осоишгоҳ, дастрас намудани автомашинаи ёрии таъҷилӣ барои беморхонаи рақами 2, таъмини аҳолӣ бо замини чарогоҳ ва кашидани хати оби нушокӣ, баҳси замини хоҷагии деҳқонӣ, таъмири роҳи байни деҳа ва ивазнамудни симчубҳои барқ, таъмири роҳи Калтачанор-Охбулоқ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд, ки аз тарафи раиси вилоят ҷиҳати амали гардидани мушкилиҳои мардум ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода Қурбон фаъолияти кори масъулони ноҳияи Балҷувонро оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия таҳлилу баррасӣ намуда ба масъулин баҳри иҷрои камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо доданд. Ҳамзамон оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи хурок, роҳ надодан ба хароҷотҳои беҳуда, хона ба хона аз тарафи гурӯҳҳои корӣ фаҳмонидани истифодаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва захира намудани ғизо барои зимистон, расонидани муроҷиатномаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ҳар як хонадон дастурҳо доданд.