Аз таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат 25 сол пур гардид. Бахшида ба ин сана дар назди бинои “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили ин сана олоту таҷҳизот, нақлиёти муосир ва либосҳои махсуси кормандони ин ниҳод ба намоиш гузошта шуд.

Зоҳирзода Умед муовини раиси вилояти Хатлон, муовини сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофии граждании мамлакат Салимзода Муҳаммадҷон ва дигар ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи мазкур дидан намуданд. Вобаста ба истифодаи таҷҳизоту воситаҳои техникӣ мутахассисони соҳа маълумот доданд. Гуфта шуд, ки аксарияти таҷҳизоту воситаҳои истифодашаванда аз хориҷи мамлакат ворид гаридааст ва ҷавобгӯи талаботи рӯз арзёбӣ мешавад. Меҳмонон ба сифати техникаи воридгардида баҳои баланд доданд.

Сипас, дар толори “Кохи Ватан бо иштироки кормандон васеи ин ниҳод ва собиқадорони ҳолатҳои фавқулода ҷамъомад доир гардид.

Муовини  раиси вилоят Зоирзода Умед аҳли ҳамоиш ва дар симои онҳо ҳамаи кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи гражданӣ дар вилояти Хатлонро, ки тули 25 сол ба мардум дар ҳолатҳои фавқулода хизмат мерасонанд, табрик намуд. Гуфта шуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи граждании кашвар дар ҳолатҳои фавқулода барои наҷоти аҳолӣ ҳамеша омода буда, сари вақт метавонанд сокинонро ба ҷойҳои бехавф кӯчонанд ва ба онҳо кӯмак намоянд.

Дар идомаи ҷамъомад ҳамчунин намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ баромад намуда, ҳамаи кормандони соҳаро ба рӯзи идашон аз номи сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар табрик гуфт. Вобаста ба дар вазъияти душвор таъсис ёфтани Кумитаи ҳолатҳои фавкулода, собиқадорони меҳнат низ ибрози ақида намуданд.

Дар ҷамъомад сабиқадорони меҳнат ва кормармандоне, ки фаъолияти кории хуб доранд ва дар мусобиқаҳои варзишӣ ғолиб омадаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо ифтихорномаю раҳматнома ва тӯҳфаҳои пулӣ сазовор гардонида шуданд.

Дар ин баробар сардори Раёсати КҲФ ва МГ вилоят бо медали сарисинагии хизмати шоиста қадр карда шуд. Дар вазъияти хотирмон як қатор афсарон низ ба гирифтани рӯтбаҳои ҳарбӣ мушарраф гардиданд.

Ҳамасола 17 август рӯзи наҷодтиҳандагон таҷлил карда мешавад.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Бохтар манзури меҳмонон гардонида шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here