Имрӯз, 14 март, дар шаҳри Бохтар бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабиниҳои «Дави наврӯзӣ» ва «Марафони велосипедронӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил гардидани ҷашни байналмилалии Наврӯз Ҳукумати мамлакат дар саросари ҷумҳурӣ баргузории мусобиқаи «Дави наврӯзӣ» ва «Марафони велосипедронӣ»-ро пешбинӣ намудааст, ки ин чорабинӣ дар вилоят бо иштироки доираи васеи аҳолӣ баргузор гардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода зимни ифтитоҳи ин чорабинии варзишӣ зикр намуд, ки баргузор намудани мусобиқа ва дигар бозиҳои миллӣ яке аз суннатҳои наврӯзӣ мебошад.
— Ин иқдом бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ пешниҳод гардидааст, ки ҳамасола бо ҷалби васеи тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, ташкил ва баргузор карда мешавад, — идома дод Ф. Шарифӣ.
Соҳаи варзиш бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳоли рушд қарор дошта, аз Наврӯз то ба Наврӯз варзишгарони вилояти Хатлон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, ба гирифтани 624 медали тилло, 579 медали нуқра ва 832 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Дар маҷмӯъ варзишгарони Хатлон 2035 медал ба даст овардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 68 медал зиёд мебошад.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар сартосари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар умум 316 чорабинии гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Шурӯъ аз имрӯз тантанаҳои ҷашни Наврӯз оғоз мегардад.
Пас аз анҷоми мусобиқа муовини раиси вилояти Хатлон ба ғолибони он диплому мукофотҳои ташкилдодаи кумитаи тадорукотро тақдим намуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилоят