Санаи 18-октябр    дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ташкил ва баргузор мегардад. Дар Намоишгоҳ,  ширкатҳои табъу нашри ватаниву хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро пешниҳод менамоянд.

  Ба ин хотир дар толори хониши оммавии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин  намоиши китоби таҳти унвони “Китоб тарбиятгари башар аст” ташкил карда шуд. Инчунин дар назар аст, ки   6-нафар китобдороне, ки давоми 10-моҳи соли равон баҳри оммавигардонии хониш миёни наврасону ҷавонон  хизмати хуби китоби расониданд  ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии бонуфуз  ба шаҳри Душанбе сафарбар карда  мешаванд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here