Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729, тибқи ҷадвали замимагардида дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 аз 15 то 31 июли соли ҷорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма нишастҳои матбуотӣ доир мегарданд.
Фардо, 15 июли соли 2020 нишастҳои матбуотӣ дар ташкилоту муассисаҳои зерин доир мешаванд:
1. Раёсати маорифи вилояти Хатлон — соати 8:00
2. Раёсати тандурустии вилояти Хатлон,
Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов — соати 9:30
3. Сарраёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят,
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят
Шуъбаи хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ — соати 11:00
4. Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон — соати 14:00
5. Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон — соати 16:00
Ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб
1. ҶСШК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб»,
Раёсати назорати давлатии энергетикӣ дар минтақаи Кӯлоб — соати 9:00
2. Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб,
Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб,
Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиётавтомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар минтақаи Кӯлоб,
Филиали КВД Маркази сертификаткунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб,
КВД «Фурудгоҳи Кӯлоб» — соати 11:00
3. Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои минтақаи Кӯлоб — соати 14:00
4. Ширкати суғуртаи давлатӣ дар минтақаи Кӯлоб — соати 16:00
Телефонҳо барои тамос: 2-57-48, 2-16-16
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон