Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва дастгирии олиҳимматонаи маъмурияти корхонаи «Моҳир семент» ба суратҳисоби 59 нафар ятимони кулли ноҳия 59000 сомонӣ гузаронида шуда, инчунин ба ҳар нафаре ба таври нақдӣ маблағҳои муайян тақдим карда шуд.

 Соли 2013 дар асоси ҳидояти Пешвои миллат барои ҳар ятими кулли ноҳия дар филиали Амонатбонк суратҳисоби алоҳида кушода шудааст. Алҳол дар ноҳия 59 нафар ятимони кулли ноболиғ басар мебаранд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here