Имрӯз сокини деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун Холмоҳ Пулатова зимни қабули шаҳрвандон ба раиси вилоят муроҷиат намуда, барои фарзандаш, ки имконияти ҷисмониаш маҳдуд мебошад, аробачаи маъюбӣ дархост намуд.
Бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода худи ҳамин рӯз барои Раҷабалӣ Алишери 26-сола — писари Холмоҳ Пулатова аробачаи маъюбӣ, як миқдор маводи озуқа ва маводи доруворӣ дастрас карда шуд.
Раиси вилоят ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва сардухтури муассисаҳои КАТС-и ноҳия супориш дод, ки вазъи сиҳҳатии ин ҷавонро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барояш ба таври доимӣ кумакҳои иҷтимоӣ расонида шавад.
Холмоҳ Пулатова — модари Раҷабалӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ҳусни таваҷҷуҳашон миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон