Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
  Гулнора Бобоева, вакили мардумӣ, зимни ташреҳи лоиҳаи қонун иброз намуд, ки мақсади асосӣ мутобиқ намудани қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, бартараф сохтани мухолифати меъёрҳои ҷойдошта мебошад.
  Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, зимни ба тасвиб расидани лоиҳаи мазкур таъкид дошт, ки мувофиқи моддаи 40 — и қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти инҳисорӣ, яъне монополиякунонӣ дар соҳаи иттилоотонӣ манъ аст. Ин маъно ҳини ворид намудани тағйиру иловаҳо бо ифодаи нав ва рӯшану фаҳмо дарҷ гардидааст.
  Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров роҷеъ ба «Иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 шунида шуд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here