Гурӯҳи кории намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳияи Данғара бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов сараввал аз боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Вахш дидан карданд. Чанде пеш бо супориши раиси вилоят таъмиру азнавсозии боғи мазкур оғоз ёфта, алҳол бо ҷалби сокинони ноҳия роҳравҳо сафолакпӯш ва хати об барқарор шудаву дигар корҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд.

Дар ноҳияи Вахш баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар корҳои муайяне ба анҷом расонида мешаванд. Ба иттилои масъулин то санаи муборак бояд 342 иншооти хурду бузург, ки ба беҳбудии рӯзгори сокинони ноҳия сохта мешаванд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Дар маркази ноҳия айни ҳол биноҳои хуштарҳу замонавии бинои андоз, марказҳои хизматрасонии гуногун ва корхонаҳои истеҳсолӣ қомат афрохтаанд. Меҳмонон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ, ки айни замон 15 нафар духтарону занонро бо шуғл фарогир аст, дидан карданд. Бояд гуфт, ки занони ҳунарманд, бахусус, ҳунармандони мардумӣ дар ноҳия хеле зиёданду бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ корхонаҳо ташкил кардаанд ва рӯзгори худро бо меҳнати ҳалол пеш мебаранд. Натиҷаи меҳнати арзандаи ин бонувони ҳунарманд борҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят қадрдонӣ шудааст.

Дар маркази ноҳия ҳамчунин маркази қаннодӣ амал мекунад, ки пештар чунин корхонаи замонавии пухтупази шириниҳо набуд.

Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар ноҳия аз соли 2017 инҷониб Марказ фаъолият дорад ва давоми ин муддат ба духтарону занони зиёди ҳунаромӯз нозукиҳои ин касби заруриро омӯхтаанд. Бештари бонувоне, ки дар ин макон фаъолият доранд, қаблан бешуғл буданд, акнун дар баробари омӯхтани ҳунари қаннодӣ онҳо имкони хуби пайдо кардани кор ва таъмини рӯзгори хешро доранд. Роҳбарии Маркази номбурдаро зани ҳунарманд Инобат Раҷабова ба уҳда дорад. Номбурда ҳанӯз 20 сол пеш дӯкони кулчапазӣ сохта, баҳри таъмини рӯзгори худ талош мекард. Бо пайдо шудани имконият ҳоло майдони фаъолияташро васеъ карда, харидорони зиёдеро ҷалб кардааст.

Дар ободу зебо гардонидани марказҳои шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо, сохтмони иншооти гуногуни хизматрасонӣ саҳми соҳибкорон зиёд аст. Дар ноҳияи Вахш низ бо талошҳои соҳибкор Зоир Давлатов дӯкони таъмири чархҳои мошинҳо бо ҷалби 13 нафар кормандон, ташкили 4 ҳавзи моҳӣ, ки дар онҳо навъҳои гуногуни моҳиҳо парвариш меёбанд, ҳамчунин хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти назаррас доранд.

Қитъаҳои алоҳидаи замини хоҷагии деҳқонии соҳибкор аз тарафи меҳмонон ва муовини раиси вилоят дида шуда, барои боз ҳам хубтар парвариш ёфтани пахта маслиҳатҳо дода шуданд.

Гурӯҳи меҳмонон бо роҳбарии муовини раиси вилоят, ҳамчунин аз фаъолияти корхонаи коркарди маҳсулоти ширии кооперативӣ-тиҷоратии “Нуфӯзи Вахш” дидан карданд. Масъулини корхонаи мазкур бо ворид кардани технологияи навин дар ин ҷо якчанд намуди маҳсулотро омода мекунанд, ки дар бозорҳои ноҳия ва маркази вилоят –шаҳри Бохтар фурӯхта мешаванд. Дар ин корхона 14 нафар сокинони ноҳия фаъолият доранд.

Дар баробари ворид кардани шир аз чорвои хоҷагиҳои ёрирасон, дар назди корхона 5 гови ҷӯшо низ мавҷуд мебошад.

Ҳайати меҳмонон ҳамчунин аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 7-и ноҳия дидан карданд. Ба иттилои сарвари муассиса корҳои сохтмонӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расида, норасоии синфхонаҳо дар муассисаи таълимӣ аз байн меравад. Гурӯҳи меҳмонон аз муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” низ дидан карданд.

Қайд гардид, ки бо дастгирии соҳибкори ватандӯст Қурбоналӣ Юсупов дар ин ҷо ҳамчунин Маркази ташхисӣ-табобатӣ бо шуъбаҳои бистарӣ сохта шуда, ба наздикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ояндаи наздик барои боз ҳам хубтар кардани шароити буду боши мутахассисон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ оғоз меёбанд. Дар муассисаи номбурда шароити хуби машқу тамрин ташкил карда шудааст, ки донишҷӯён дар вақтҳои холигӣ метавонанд машғул шаванд. Дар муассиса ҳамчунин ҳавзи шиноварӣ сохта шуда, барои хизматрасонӣ ба донишҷӯён пешкаш шудааст.

Дар ҷараёни сафари корӣ гурӯҳи меҳмонон аз муассисаи таълимии рақами 21-и ноҳия боздид карданд. Дар муассисаи номбурда солҳои зиёде аз норасии ҷойи нишаст ва надоштани синфхонаҳои алоҳидаи таълимӣ танқисӣ мекашиданд. Минбаъд ин мушкилот вуҷуд надорад ва хонандагони муассиса дар синфхонаҳои барҳаво сабақ меомӯзанд.

Нимаи дуюми рӯз дар бошишгоҳи саҳроии “Офтобак”-и хоҷагии деҳқонии Кӯлоби Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомад доир гашт.

Дар ҷамъомад муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Вахш Шарбатуллои Азизулло, ҳайати меҳмонон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Данғара ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Вахш ширкат доштанд. Қайд гардид, ки ҳадаф аз санҷиши байниҳамдигарӣ ин табодули таҷриба ва вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ буда, ба фаъолияти соҳаҳои мухталиф такон бахшидан аст.

Меҳмонон, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Данғара, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи номбурда, сармеъмор ва дигарон аз мушоҳидаҳо суханронӣ карда, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти соҳаҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов бо ёдоварӣ аз натиҷаи ҷамъбасти тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 6 моҳи соли равон аз фаъолияти андози ноҳия изҳори нигаронӣ кард. Афзуд, ки пешрафти соҳаҳои мухталифи ноҳия аз фаъолияти бахшҳои иқтисодӣ сарчашма мегирад. Бо назардошти ҳамаи камбудиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор кард, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулиятшинос бошанд.

Дар охири ҷамъомад раиси ноҳия афзуд, ки ҳоло ҳам мо масъулон аз шароиту имкониятҳои мавҷуда хуб истифода накарда, дар иҷрои вазифаҳои ба дӯшдоштаамон фаъол нестем. Ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here