Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оғоз доир гардид.
Ҷамъомадро прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода ифтитоҳ бахшида, пас аз шодбошии ҳамкасбон суханро ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дод.
Раиси вилоят аҳли толорро ба муносибати иди касбиатон — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, хонаободӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ барору комёбӣ орзу кард.
Қайд гардид, ки аз оғози даврони истиқлолият кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, бо ҷоннисориҳои худ саҳми арзанда гузоштанд.
Қайд гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар имконият ба вуҷуд омад, ки шароити кории кормандони соҳа ва дар биноҳое, ки шароити муътадили корӣ вуҷуд надоштанд, сохтмон ва азнавсозиҳо ҷараёни тоза гирифта, шароити корӣ беҳтар карда шавад.
Дар ин давра сохтмони биноҳои нав ва иловагии прокуратураи вилоят ва ҳамаи прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар ноҳияҳои Восеъ, Ёвон, Фархор, Балҷувон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Данғара, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Хуросон ва шаҳри Бохтар биноҳои нав бо тарҳи зебои замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, биноҳои дигар прокуратураҳо аз таъмири хушсифат бароварда шудаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз тамоми прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо бо хатти интернет, дастгоҳҳои компютерӣ ва ҳозиразамон таъмин карда шудаанд, ки ин амалҳо кори онҳоро хеле осон намуд ва имкон пеш омад, ки тамоми прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо бо автомашинаҳои хизматӣ таъмин карда шаванд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда низ дастгирии молиявию иҷтимоии кормандони мақомоти прокуратураро густариш бахшида, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити хизмати ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Таъкид шуд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои охир ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз ниятҳои нопоки худ нагаштаанд ва минбаъд низ фаъолиятҳои тахрибкоронаи худро дар минтақаи мо афзоиш доданианд.
Бо назардошти хавфнокии ҷиноятҳои самти экстремистӣ ва террористӣ 203 ҷинояти хусусияти террористию экстремистидошта ошкор ва аз рӯйи ин ҳолатҳо, нисбати 257 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд, ки аз ин парвандаи ҷиноятӣ нисбати 50 нафар барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар каламрави дигар давлат мебошад.
Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Онҳо то ҳол аз хориҷи кишвар ба тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси вилоят инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
— Бовар дорам, ки ҳар кадоми Шумо манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои худ тақвият мебахшед ва дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои сокинони вилоят саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоед, — хулоса кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Изҳори итминон шуд, ки кормандони соҳа аз ҳидоят ва дастуру супоришҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хулосаҳои зарурӣ бароварда, вазифаҳои худро содиқонаву софдилона иҷро менамоянд.
Дар ҷамъомад инчунин як қатор собиқадорони мақомоти прокуратура баромад карда, доир ба фаъолият ва нақши ин ниҳод дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини волоияти қонун изҳори назар карданд.
Ба як қатор кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба муносибати рӯзи иди касбиашон Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон