Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз тарафи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, бо иштироки Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бинои ёрирасони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ки аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Бино дар қисмати қафои бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷойгир буда, дар масоҳати 480 метри мурабаъ сохта шудааст ва минбаъд барои будубоши кормандони мақомоти милитсияи ноҳия шароити хуб фароҳам мегардад.
Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз ошхонаи хӯрокхӯрӣ барои 60 нафар, ҷои хӯроктайёркунӣ, ҳамом ва ҷои дастурӯйшӯӣ, 5 ҳуҷраи хоб барои 16 нафар бо тамоми таҷҳизотҳояш ва анбори алоҳида барои нигоҳдории яроқу аслиҳа бунёд шудааст.
Зимни ин чорабинӣ, бинои дидбонгоҳи сарҳадии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Бинои мазкур дар деҳаи Дараи оби Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳия дар шафати шоҳроҳ сохта шуда, аз як ошёна ва аз 1 ҳуҷраи навбатдорӣ, 1 ҳуҷраи хоб барои 5 нафар, ошхона, синфхона ва ҳуҷраи нигоҳдории яроқ иборат мебошад.
Сохтмони бино аз тарафи лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи байналмиллалӣ қитъаи Кӯлоб–Шамсиддин Шоҳин маблағгузорӣ шудааст.
Дар сохтмони бино зиёда аз 10 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шуданд.
Баъди ба истифодадиҳӣ шароити кории кормандони милитсияи ноҳия, ки ба таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёт вобаста шудаанд, беҳтар мегардад.