Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум рӯзи 30 сентябри соли 2020, соати 900 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин даъват карда шавад:

  1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50, Ховалинг №61 ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум.
  2. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2018, №133 “Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2022” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
  3. Рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
  4. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 апрели соли 2018, №91 “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
  5. Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати таъмини иҷрои банди 2-и қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 23 июни соли 2020, №38 “Рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
  6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон