Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон рӯзи 26 декабри соли 2022, соати 09:00 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин даъват карда шавад:
1.Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2022.
2.Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2021 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2023.
3.Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2023.
4.Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Қубодиён №40, Ҷалолиддини Балхӣ №41 ва таъин намудани интихобот.
5.Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Қубодиён №40 ва Ҷалолиддини Балхӣ №41.
6. Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон