Рӯзи 27 сентябри соли 2022, соати 08:00 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:

1.Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №386 «Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

2.Ҳисоботи сардори раёсати маорифи мақомоти ивроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон аз 8 августи соли 2017 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3.Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.