Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон рӯзи 23 декабри соли 2021, соати 09:00 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин даъват карда шавад:
1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Ёвон №33 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.
2. Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2021.
3. Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2020 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2022.
4. Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2022.
5. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Левакант №11, Ҳамадонӣ №49, Фархор №58, Шамсиддин Шоҳин №69 ва таъин намудани интихобот.
6. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Левакант №11, Ҳамадонӣ №49, Фархор №58 ва Шамсиддин Шоҳин №69.
7. Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон