Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон рӯзи 11 октябри соли 2021, соати 08-00 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин даъват карда шавад:
1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №15 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.
2. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 апрели соли 2018, №101 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
3. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
4. Ҳисоботи сардори Филиали муассисаи давлатии бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар минтақаи Бохтар ва Кӯлоб оид ба ҳолати нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
5. Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист.
6. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Ёвон №33 ва таъин намудани интихобот.
7. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Ёвон №33.
8. Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон