Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум рӯзи 23 июни соли 2021, соати 8-00 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:
1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 7 феврали соли 2020, №33 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №644 “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” ва ба танзим даровардани бозори меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят .
2. Ҳисоботи сардорони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб оид ба амалӣ гардонидани қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 марти соли 2020, №93 “Оид ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ”
3. Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.
4. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №15 ва таъин намудани интихобот.
5. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №15.
6. Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон