Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум рӯзи 29 марти соли 2021, соати 900 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин даъват карда шавад:

  1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии А.Ҷомӣ №64, Норак №10 ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.
  2. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 августи соли 2020, №221 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
  3. Ҳисоботи сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят оид ба кору фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
  4. Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон.
  5. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Данғара №32 ва таъин намудани интихобот.
  6. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Данғара №32.
  7. Масъалаҳои ҷорӣ.