Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум рӯзи 23 июни соли 2022, соати 08:30 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин даъват карда шавад:
1.Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 майи соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
2.Ҳисоботи сардори раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 апрели соли 2021, №125 “Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021, №83 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID — 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
3.Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон