Аз тарафи соҳибкори шаҳри Бохтар АбдуҷабборХоҷаев ба муносибати фарорасии наврӯзи хуҷаста бо харҷи 10 ҳазор сомонӣ барои 125 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмаки модӣ расонида шуд.

Абдуҷабор Хоҷаев дар суҳбат ба мо гуфт, ки ин иқдомро дербоз пеш гирифтаем ва ҳар сол ба чунин табақаи ниёзманди ҷомеа то қадри имконият дасти кӯмак дароз мекунем. Имрӯз низ мо иқдом гирифтем, ки дар арафаи иди наврӯз дилҳои ин гуна табақаи ниёзманди ҷомеаро шод намоем. Барои хурсанд намудани эҳтиёҷмандон, ба 125 оилаҳо ба маблағи зиёда 10 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили равған, орд, макарон, чой, қанд ва намак кӯмак расонидем.

Умарова Ҳалима маъюби гурӯҳи дуюм, иброз медорад, ки шароити зиндагиаш хеле вазнин мебошад, ҳамеша интизори чунин кӯмаку дастгириҳо аст. Ҳамчунин аз соҳибкор Абдуҷабор Хоҷаев хеле зиёд миннатдор аст, ки дар бемориаш барои пурра шифо ёфтанаш кӯмак намуда, дар як сол 5 маротиба ба ӯ кӯмаки модӣ мерасонад ва мавсуф иброз намуд, ки ки аз тарафи давлату ҳукумати кишвар кӯмакҳо ба мо мерасад ва ин иловагист. Соли гузашта аз тарафи ҳукумат як аробачаи маъюбӣ барояш тақдим карда шудааст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here