Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон маҷмӯаи шеърии «Бӯйи канори модарам» рӯйи чоп омад.
Муаллифи маҷмӯа омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Хуросон Қумрӣ Назароваи 66-сола ва модари 8 фарзанд мебошад.
Дар сарсухани китоб узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон Амиршоҳи Хатлонӣ навиштааст, ки Қумрӣ Назарова яке аз дӯстдорони адабиёт буда, дар ин ҷодаи пуршараф гом мениҳад ва дар маҷмӯаи «Бӯйи канори модарам» аз соҳибистиқлолӣ, рушду пешрафти кишвар илҳом гирифта, чакидаҳои хешро рӯйи саҳифаҳои китобаш ба қадри тавонаш эҷод намудааст.
Қумрӣ Назарова бо рӯҳбаландию эҳсоси қаноат аз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки барои нашри маҷмӯаи шеъриаш мусоидат намудааст, изҳори сипос карда, чанд нусхаи онро ба китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим кард.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон