То Ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 510 иншооти соҳаи маориф дар назар аст.
Тайи се соли оянда аз ҷумла сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 63 муассисаи томактабӣ, 156 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 169 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва дар назди 122 муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли 2019 дар шаҳру навоҳии вилоят 84 иншооти иборат аз 463 синфхонаи дорои 10 ҳазору 521 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.
То Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ягон муассисаи типи нав, аз ҷумла гимназия ва литсей фаъолият намекард. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 49 мактаби типи нав, аз ҷумла 23 гимназияи давлатӣ, 2 гимназияи ғайридавлатӣ, 1 муассисаи таълимии хусусӣ, 22 литсейи давлатӣ фаъолият доранд.